кирм — [کرم] ҳашароти хазандаи баданаш нарму дарози беустухон, ки дар оби лойқа, дар меваҳо ва гӯшт пайдо мешавад: кирми лойхӯрак, кирми себ; кирми пилла ниг. кирмак; кирми шабтоб кирми хурде, ки моддаи фосфории рӯи баданаш дар торикӣ аз худ рӯшноӣ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тоб — I [تاب] 1. асоси замони ҳозира аз феъли тобидан ва тофтан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои тобдиҳанда; (мас. ресмонтоб) тобон, фурӯзон; (маҷ. оламтоб, шабтоб…) II [تاب] тоқат, бардошт, сабр, ором, қудрат, тавоноӣ; тоб овардан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чароғак — [چراغک] 1. соиқа, оташак, барқ, чақмоқ 2. чароғи хурд; чароғаки сиёҳ пилсӯз, милмилак 3. кирми шабтоб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чароғина — [چراغينه] кирми хурди сабзранг, ки дар шаби торик чун чароғ медурахшад, кирми шабтоб, кирми шабчароғ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шабафрӯз — [شب افروز] 1. шабро равшанкунанда; моҳи шабафрӯз моҳе, ки бо партави худ шабро равшан мекунад 2. кирми шабтоб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
шабтобон — [شب تابان] ниг. шабтоб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ